2 Апрел 2024 - 14:51
Марги омили беэҳтироми ба Қуръони Карим дар Шветсия

Омили беэҳуроми ба Қуръони Карим дар Шветсия ба ҳалокат расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷасади Селвон Мумико паноҳҷуии ироқӣ ва омили беэҳтироми ба Қуръони Карим дар Шветсия, рузи сешанбе дар хонааш дар Норвегия кашф шуд.

Мумико дар охирин паёми худ дар шабакаи иҷтимои экси навишта буд: Имруз Шветсияро тарк карда ва акнун дар Норвегия аст ва барои паноҳандаги дар ин кишвар дархост дода аст.

Пештар додгоҳи муҳоҷирати Шветсия бо ҳукми ихроҷи Селвон Мумико муҳоҷири ироқиаласли сокини Стокголми ва омили беэҳтироми ба Қуръони Карим дар Шветсия, мувофиқат карда буд.

Давлати Шветсия моҳи ноябри гузаштаи муҷаввизи иқомати Селвон Мумикоро лағв кард, аммо ихроҷ уро ба ҳолати таълиқи дароварда буд ва дар он замон муддаи шуд ки Мумико дар сурати бозгардондан ба Ироқ ҷонаш дар хатар аст.

Селвон Мумикои паноҳҷуи ироқи соли гузаштаи милодӣ дар чанд маврид иқдом ба беэҳтироми ба Қуръон Карим карда буд ки бо вокуниш ва маҳкумияти густардае аз суи кишварҳои мусулмон ру ба ру шуд.

Бештари Шветсиявиҳо низ бо Қуръон сузи мувофиқ нестанд ва беш аз ними аз посухдиҳандагон ба назарсанҷии ахир аз суи шабакаи умумии Шветсия гуфтанд, ки мувофиқи мамнуъият сузондани кутуби муқаддас монанди Қуръон ҳастанд.

342/